Дар ҳошияи сафар ба ноҳияи Данғара президенти Тоҷикистон бо фаъолон ва намояндагони бахши кишоварзии вилояти Хатлон машварати корӣ доир намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар машварат сарвари давлат дар назди мақомоти масъули вилоят оид ба рушди минбаъдаи бахши кишоварзӣ ва азхуд кардани заминҳои нав вазифаҳои мушаххас гузошт.

«Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти мамлакат маҳсуб ёфта, дар сурати истифодаи оқилонаи обу замин, нуриҳои маъданиву тухмиҳои баландсифат мо метавонем ҳосилнокии зироатҳоро афзун намуда, бо ҳамин васила ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ муҳайё кунем ва муҳимтар аз ҳама, эҳтиёҷоти рӯзмарраи аҳолии кишварамонро бо маводи озуқаи худӣ таъмин намоем», - гуфт ӯ.

Сарвари давлат зикр кард, ки яке масъалаи муҳими бахши кишоварзӣ саривақт ҷамъоварӣ ва захира кардани хӯроки чорво мебошад ва боришоти зиёди зимистону баҳори имсола имконияти ҳосили фаровони алафҳои табииро ба вуҷуд овард.

 «Аз ин лиҳоз, ҳар як хоҷагии кишоварзии вилоят ва ҳар як оиларо зарур аст, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда ва боду ҳавои мусоид ҷиҳати ҷамъоварӣ намудани хӯроки чорво чораҳои амалӣ андешида, захираи дусолаи онро ҳатман таъмин намояд», - иброз дошт президент.

Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон сохт, ки зимистони тӯлонии имсола ва норасоии захираи хӯроки чорво дар баъзе ноҳияҳои вилоят собит намуд, ки бинобар бемасъулиятиву беэътиноии масъулону роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ чорводорон ба мушкилоти сахт рӯбарӯ гардида, дар баъзе минтақаҳо талафи чорво зиёд ба мушоҳида расид.

«Азобу машаққати имсолаи чорводорон бояд барои ҳама сабақ гардад», - таъкид кард сарвари давлат.