Душанбеву Маскав бидуни баҳс сиёсати таҳкими шарикии стратегӣ ва муттаҳидиро пайгирӣ мекунанд, - изҳор доштааст намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Александр Лукашевич дар робита ба масъалаи будубоши пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон.
«Муносибатҳои Тоҷикистону Русия тӯли қарнҳо дар фазои дӯстӣ ва кӯмаки байниҳамдигарӣ сурат гирифта, зимни вохӯрии сарони ҳарду кишвар дар Маскав санаи 15уми май мавқеи зикршуда тасдиқ гардид», - гуфтааст ӯ.
Ба андешаи ӯ, Русияву Тоҷикистон ба ҳамкории дуҷонибаи гуногунҷанба ва ҳамкориҳо дар сохторҳои минтақавӣ афзалият медиҳанд. «Таври маълум, пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба ҳайати Нерӯҳои дастаҷамъии зудамали Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ шомил аст ва он ба манфиатҳои таъмини амнияти тамоми кишварҳои узви СААД ҷавобгӯ аст», - изҳор доштааст намояндаи ВКХ Русия.
Лукашевич таъкид кардааст, ки айни замон миёни Тоҷикистону Русия оид ба дароз кардани муҳлати будубоши пойгоҳи низормии Русия дар Тоҷикистон гуфтушунид идома дорад. «Гуфтушунид мутобиқи қарордоди сарони кишварҳо, ки 15-уми майи соли равон дар Маскав ҳосил шуда буд, ҷараён дошта, ҷонибҳо ҷиҳати дар муҳлати муқарраршуда ба иҷро расидани он ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода истодаанд», - иброз доштааст вай.
Номбурда афзудааст, ки ҳарду ҷониб ҳам бо назардошти маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Русия ба анҷоми муваффақонаи гуфтушунидҳо манфиатдор мебошанд.
Гумонбари ҳамла ба "Крокус" гуфт, тавассути "Телеграм" “ба дом афтод”. Чӣ бояд кард, то “тӯъма”-и мубаллиғони ифротӣ нашуд?
Вазири корҳои дохилии Русия ба Тоҷикистон омад. Ӯ бо Рамазон Раҳимзода вазъи муҳоҷиронро баррасӣ мекунад
Дар рӯзҳои истироҳат ду кӯдак дар ҷануби кишвар ҳалок шуданд
Аҳднома миёни Тоҷикистону Қирғизистон. Президентҳо ҳамдигарро табрик карданд
“Хандасарой” - и Холиқназар Ҷумъазода чоп шуд
Ҷаримаи волидони хонандагони мактаби Душанбе барои паст задани шаъну эътибори омӯзгор
Роҳбари ФСБ Русия: “Дар робита ба қазияи “Крокус” зиёда аз 20 нафар боздошт шуданд”
Рақибони тими миллии футзали Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон-2024 маълум шуд
Аввалин гурӯҳи зойирини Тоҷикистон ба ҳаҷ рафтанд
Ҳосил каму нархҳо баланд. Дар Тоҷикистон имсол ҳосили гелос хеле кам аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
ali9 июл, 2012 12:26
Umedvorem, ki manfiati Tojikiston kame boshad ham ba nazar girifta meshavad. Ammo az siesatmadoroni rus gair az pofishori hej chiz intizor shudan nest.