Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 93-умин солгарди истиқлоли давлатии Афғонистон ба раисҷумҳури ин кишвар Ҳомид Карзай барқияи шодбошӣ ирсол намуд.
Дар барқияи шодбошӣ, аз ҷумла зикр мегардад, ки солҳои охир муносибатҳои созандаву рушдёбандаи Тоҷикистону Афғонистон на фақат дар асоси дуҷониба, балки дар чаҳорчубаи равобити бисёрҷониба низ пайгирона густариш меёбанд ва мазмуни амиқтар касб менамоянд.
«Итминон дорам, дар марҳилаи кунунӣ, ки татбиқи амалии тасмимоти конфронси Токио ва лоиҳаҳои дар ҷараёни Конфронси РЕККА дар Душанбе пешниҳодшуда оғоз меёбад, ҳамкории наздиктару босамартари Тоҷикистону Афғонистони дӯсту ҳамҷавор сурат хоҳад гирифт», - омадааст дар барқия.
Дар барқия Эмомалӣ Раҳмон бори дигар зарурати тақвияти шарикиву ҳамёрӣ дар масъалаҳои амалӣ сохтани лоиҳаҳои инфрасохторӣ, энержӣ, амнияту тиҷорати наздисарҳадӣ ва маорифу тандурустиро таъкид месозад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Як додраси тоҷик ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам дониста мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста