Рӯзҳои 25-26-уми августи соли равон  сафирони кишварҳои хориҷии муқими шаҳри Тошканди Ҷумҳурии  Ӯзбекистон  дар ҳайъати  41 нафар, бо ҳайъати ҳамроҳонашон ва ҳамсару фарзандон ба вилояти Суғд ташриф меоранд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, ба ҳайъати меҳмонон  сафирони  фавқулодда  ва мухтори  давлатҳои ИМА, Қазоқистон, Қувайт, Арабистони Саудӣ, Покистон, Бангладеш, Булғористон  дар Ӯзбекистон, сафирони  фавқулодда  ва мухтори  давлатҳои Гурҷистон, Лаҳистон,  Чехия, Куриё, Малайзия дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, кордорони  сафорати  Мамлакати Ҳошимии Ӯрдун,  кордори  сафорати Уммон  дар Ӯзбекистон шомиланд.

Ба иттилои манбаъ, тибқи барномаи сафар  боздиди меҳмонон  аз корхонаи ресандагии «Олим-Текстайлз», корхонаҳои муштараки «Ҷавонӣ», «САТН», ҷамъияти саҳҳомии «Қолинҳои  Қайроққум», шиносоӣ  бо «Боғи миллии Ваҳдат», майдони Исмоили Сомонӣ, МД «Ҳавзи шиноварӣ», варзишгоҳи  «20-солагии Истиқлолият» ва КВДК «Кохи матбуот», минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» осорхонаи вилоятии таърихӣ - кишваршиносӣ, инчунин бозори  Панҷшанбе  дар шаҳри Хуҷанд  дар назар аст. Ҳайъати меҳмонон  дар осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Қайроққум истироҳат хоҳанд кард.