Чанде  қабл дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Покистон Зубайдулло Зубайдов бо раиси гурӯҳи ширкатҳои молиявӣ-сармоягузории KASB-и Покистон Носир Алӣ Шоҳ Бухорӣ масоили вазъи кунунии муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дипломати тоҷик таъкид кард, ки дар робита ба сатҳи нав касб кардани муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ, зарурати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар бахшҳои сохтмону таъсиси корхонаҳои муштарак ва сармоягузории ҳадафнок ба бахшҳои мушаххаси иқтисоди Тоҷикистон ба миён меояд.

Носир Алӣ Шоҳ Бухорӣ аз ин пешниҳодот пуштибонӣ намуда, зир кард, ки гурӯҳи ширкатҳои молиявӣ-сармоягузории KASB оид ба сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисод аз имконоти молии хуб ва таҷриба ғанӣ бархӯрдор аст.

 «KASB метавонад ба рушди бахшҳои молиявиву бонкӣ, иктишоф ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, аз ҷумла нафту газ, бахши сайёҳӣ, ҳамлу нақли бор ва роҳандозии хатсайри ҳавоии мустақим миёни кишварҳо мусоидат намояд», - гуфт ӯ.

Раиси KASB ҳамчунин изҳор кард, ки роҳандозии муносибатҳои корӣ бо Агентии захираҳои давлатии Тоҷикистон ва ташкили интиқоли маҳсулоти ғизоӣ аз Покистон ба Тоҷикистон ба нафъи ҳарду ҷониб аст.