Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба маркази иёлати Карнатакаи Ҳиндустон - шаҳри Бангалор ташриф оварда, аз чанд корхонаи технологии он дидан кард ва бо Губернатори иёлат Хансраҷ Бҳарваҷ мулоқот намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни боздид аз корхонаҳои истеҳсолии ширкатҳои HAL ва Infosys Technologies Limited, аз ҷумла аён гардид, ки дар воқеъ Бангалор шаҳри дорои тараққиёти хуби иқтисодию техникӣ буда, ба манзури пешрафтҳои босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва навовариҳояш «Водии силикон» ном гирифтааст.

Дар мулоқот бо Губернатори иёлати Карнатака масоили ҳамкории судманди Тоҷикистон бо ин минтақаи рушдкардаи Ҳиндустон баррасӣ шуд.

Ба роҳандозӣ ва рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои саноати мошинсозӣ, истеҳсоли маводи электронӣ, телекоммуникатсионӣ, шоҳибофӣ ва дар соҳаҳои биотехнология, кишоварзӣ, аз ҷумла зироатҳои донагӣ ва ороишӣ, гулпарварӣ ва ашёи хоми шоҳӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Ҷалби васеи соҳибкорони хусусӣ ба густариши ҳамкорӣ ва татбиқи дастовардҳои пешрафтаи илму техника ва технологияҳои муосир матлуб дониста шуд.