Рӯзномаҳои покистонии The Nation ва The Express Tribune иттилоъ медиҳанд, ки санаи 2-юми октябр дар Исломобод нишасти чоруми ба истилоҳ «Чоргонаи Душанбе» бо иштироки сарони кишварҳои Покистону Афғонистон ва Тоҷикистону Русия баргузор мешавад.

Бино ба тахмини васоити ахбори умуми Покистон, дар нишасти Исломобод сарони кишварҳо Осиф Алӣ Зардорӣ, Ҳомид Карзай, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ба масъалаи ҳалли мушкилоти Афғонистон бештар таваҷҷуҳ хоҳанд кард.

Хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон алҳол ин масъаларо ҳеҷ шарҳу тавзеҳе надодааст.

Ёдрас мекунем, ки чунин шакли ҳамкории Афғонистону Покистон ва Тоҷикистону Русия соли 2009 бори нахуст дар Душанбе заминагузорӣ шуда, «Чоргонаи Душанбе» номгузорӣ шуд.

Пас аз як сол «чоргона» дар шаҳри Сочи гирдиҳам омада, дар ин нишаст масоили таъмини амният, мубориза бо терроризму, қочоқи маводи нашъаовар ва роҳандозии ҳамкориҳои иқтисодӣ баррасӣ шуданд. Аз ҷумла сарони кишварҳо лоиҳаи энергетикии CASA 1000 (Central Asia — South Asia–1000)-ро, ки ба таъмини Покистон бо нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон тавассути қаламрави Афғонистон имкон фароҳам месозад, баррасӣ намуданд.

Аввали моҳи сентябри соли гузашта дар пойтахти Тоҷикистон нишасти сеюми сарони кишварҳои «Чоргонаи Душанбе» баргузор шуда, дар он масоили роҳандозии ҳамкориҳои минтақавии чаҳор кишвар матраҳ шуданд. Ба масоили ҳамориҳои мутақобила дар самти таъмини амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шуд.