Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари дурӯзаи корӣ анҷом медиҳад. Сафар рӯзи сешанбе, 18-уми сентябр оғоз мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ВМКБ Қодири Қосим хабар дод, нахуст сарвари давлат аз ноҳияи Рӯшон боздид намуда, дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хона-интернати вилоятӣ барои 150 нафар маъюбон ва ифтитоҳи мактаби таҳсилоти умумии муосир барои 640 нафар толибилмон ширкат меварзад.
Сипас сарвари давлат озими ноҳияи Шуғнон гардида, инҷо дар маросими ба истифода додани бинои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳамчунин бинои бахшҳои БДА «Амонатбонк» ва ҶСП «Тоҷпромбонк» иштирок хоҳад кард.
Ба қавли Қодири Қосим, дар маркази маъмурии вилоят – шаҳри Хоруғ перезидент ба фаъолияти корхонаи дӯзандагӣ ҳусни ифтитоҳ мебахшад. Дар ин корхона ҳудуди 150 нафар сокинони шаҳри Хорӯғ бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба корҳои таҷдиди шабакаҳои таъмини оби шаҳри Хоруғ низ ҳусни оғоз хоҳад бахшид.
«Дар рӯзи дуюми сафари сарвари давлат ба ВМКБ вохӯрии ӯ бо фаъолони вилоят дар назар аст», - афзуд раиси ВМКБ.
Ҳисоббаробариҳои Тоҷикистону Русия бо рубл ба 80% расиданд
Муҳлати таътили мактабхонҳо дар Тоҷикистон кам карда шуд
Дар Панҷакент кӯшки асрҳои VI-VIII кашф шуд
Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералии кишварҳои узви СҲИ-ро ба ҳузур пазируфт
Навраси 13-сола дар дарёи Хонақоҳи Ҳисор ғарқ шуд
Фолбиниву ҷодугарӣ акнун ҷиноят аст. Ҷазо барои ин амалҳо пурзӯр шуд
Обуҳавошиносон: Имрӯз Тоҷикистонро чангу ғубор фаро мегирад
Мошинҳои калонҳаҷми боркаши Тоҷикистон мунтазири тартиби нави боркашонӣ тариқи Ӯзбекистон
Кӣ ва чӣ тавр ба тоҷикон дар Русия кӯмак мекунад?
Дар Тоҷикистон барои монеи таҳсили хонандагон шудан ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста