Зимни суханронӣ дар муколамаҳои сиёсии иҷлосияи 67-уми Маҷмаъи кулли СММ президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод изҳор кард, ки тартиботи кунунии ҷаҳон ба табъиз ва беадолатӣ асос ёфтааст.

Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, Аҳмадинажод таъкид кардааст, ки ҷаҳон ба тартиботи ҷадид ва тарзи афкори тоза ниёз дошта, мебояд монеаҳои иштироки тамоми давлатҳо дар идораи глобалии ҷаҳонро бартараф намуд.

«Вазъи кунунии мудҳиш дар дунё ва ҳодисаҳои фоҷеабори таърих аслан ба идораи нодурусти ҷаҳон ва маркази ҳокимияти худтаъсис марбут мебошад, ки худро ба шайтон таслим кардааст», - изҳор доштааст президенти Эрон.

Маҳмуди Аҳмадинажод фаъолияти Созмони Милали Муттаҳидро мавриди интиқод қарор дода, ба азнавсозии сохтори он даъват кард. Президенти Эрон ба инҳисори ҳокимият аз ҷониби кишварҳои ҷудогона дар Шӯрои амнияти СММ низ ишора намуд.

Ӯ ҳамчунин ба мушкилоти фақру камбизоатӣ дар саросари ҷаҳон таваҷҷуҳ намуда, зикр кард, ки ҳаҷми умумии қарзи 18 кишварҳои индустриалӣ зиёда аз 60 триллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва пардохти ҳатто нисфи ин ҳаҷми қарз барои аз байн бурдани фақр дар ҷаҳон кофӣ аст.

Президенти Эрон дар иҷлосияи Маҷмаъи кулли СММ маротибаи ҳаштум ва бори охирин ба сифати сарвари давлат суханронӣ намуд.

Таври маъмул зимни суханронии Маҳмуди Аҳмадинажод ҳайати кишварҳои Исроилу ИМА ва Канада толори иҷлосияро тарк карданд.

Моҳи июни соли равон М.Аҳмадинажод изҳор карда буд, ки дар маъракаи интихоботи президент дар соли 2013 ширкат нахоҳад варзид.

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарон бар ин назаранд, ки мансабро тарк гуфтани М.Аҳмадинажод чизеро дар вазъи Эрон тағйир намедиҳад, зеро тамомияти ҳокимият на ба президент, балки ба пешвои маънавӣ Оятуллоҳ Хоманаӣ тааллуқ дорад.