Чанде қабл дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк мулоқоти дуҷонибаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ хонум Патрисия Флор баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, масъалаҳои густариши бештари ҳамкории гуногунсоҳа байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар заминаи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ, вазъият дар Афғонистон ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак меҳвари гуфтугӯро дар мулоқоти мазкур ташкил доданд.

Ба иттилои манбаъ, алоқамандии тарафайн ба амалисозии лоиҳаҳои муштараке, ки ба таҳким намудани амният ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва минтақа равона шудаанд, баён гардид. Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ карданд.