Раиси ТҶ «Консорсиуми юридикии Тоҷикистон» ва пешвои Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров бар ин назар аст, ки мавқеи Русия оид ба таъсиси Иттиҳоди гумрукӣ дастгирии ҳамаҷониба аз сӯйи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро тақозо дорад.

«Русия бо ин иқдом рушди иқтисод дар давраи дарозмуҳлатро дар назар дорад ва ӯро дастгирӣ мебояд, зеро ин нияти Русия ба манфиатҳои миллии тамоми кишварҳои узви ИДМ ҷавобгӯ аст», - изҳор кард ӯ дар ҷараёни кори мизи гирд таҳти унвони «Иттиҳоди гумрукӣ ва Тоҷикистон: дурнамои нави ҳамгиройӣ» дар Душанбе.

Ӯ бо андешаи аз таъсиси ин итттиҳод манфиат ба даст овардани Русия розӣ набуда, чунин ибрози назар намуд, ки муддати чанд соли фаъолияти Иттиҳоди гумрукӣ Русия ҳеҷ нафъе ба даст наоварда, танҳо маблағҳои муайяни молиявӣ масраф намуд.

Раиси ҲУСДТ мутмаин аст, ки Иттиҳоди гумрукӣ имрӯз барои иқтисод ва оянда баҳри рушди иқтисодиву ҳуқуқии кишвар зарур аст.

Ҳуқуқшинос ҳамчунин гуфт, барои узвият ба Иттиҳоди гумрукӣ ҳукуматдорони Тоҷикистонро зарур аст, тафовут миёни Кодекси гумруки Тоҷикистон ва Кодекси Иттиҳоди гумрукиро бартараф созанд, зеро «60%-и меъёрҳои ин кодексҳо ба ҳамдигар мутобиқат надоранд».

«Агар Тоҷикистон дарвоқеъ ҳам ҷонибдори узвият ба Иттиҳоди гумрукӣ бошад, пас мебояд қонунгузории кишварро ба талаботи ин иттиҳод мутобиқ кард ва инро то узвият ба иттиҳод мебояд анҷом дод, зеро пас аз ба узвият пазируфта шудан, кори зиёдтаре талаб карда мешавад», - афзуд Р.Зойиров.