Дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 67-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар мулоқоти ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ширкат варзид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар рафти мулоқоти мазкур вазирони корҳои хориҷӣ роҷеъ ба ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ ва ҳамкориҳои минбаъдаи кишварҳои аъзои Созмон дар мавриди масъалаҳои калидӣ ва актуализатсияи дастурҳои дастаҷамъӣ ба намояндаҳои доимии кишварҳои аъзои СПАД дар созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Гуфта мешавад, дар мулоқот баёнияҳои муштараки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СПАД оид ба Сурия ва вазъият атрофи Эрон қабул гардиданд.

Дар ҳамин ҳол, худи ҳамон рӯз дар Душанбе муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов  ҳамоҳангсози минтақавӣ/Намояндаи минтақавии СММ оид ба умури паноҳандагон барои Осиёи Марказӣ Сабер Азамро ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳуқуқии шахсони бешаҳрванд (апатридҳо) дар Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, нақши Тоҷикистон дар татбиқи Эъломияи Алмато оид ба муҳоҷират ва ғайра муҳокима шуданд.

Ҳамчунин вохӯрии Низомиддин Зоҳидов бо Фиристодаи Оғо Хон Султон Аллана баргузор гардида, дар рафти мулоқот масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи лоиҳаи сохтани Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) дар шаҳри Хоруғ мавриди баррасӣ қарор гирифт.