Ҳукуматдорони маҳаллӣ аз ситоди пешазинтихоботии Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) пешниҳоди «кадом як мактубе»-ро барои гузоштани муҳр ба варақаи иҷозаи ҷамъоварии имзоҳо талаб мекунанд.

Имзоҳо барои сабти номи номзади ягона аз ИНИТ ҳомии ҳуқуқ Ойниҳол Бобоназарова ҷамъоварӣ мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ИНИТ Абдуқаюми Қаюмзод дар ин робита хабар дод, намояндагони ситод бо талаби нома дар ноҳияҳои Хуросон, Шаҳритӯс, Бохтар, шаҳри Турсунзода, ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ва ғайра дучор омадаанд ва дар ҳамин ҳол, ҳукуматдорони маҳаллӣ саҳеҳан намегӯянд, ки маҳз аз киву аз куҷо нома оварда шавад.

«Мо аз КМИР варақаҳои дахлдор гирифта, бояд 210 ҳазор имзо ҷамъоварӣ намоем, вале қабл аз ин ба мо дастрас намудани муҳри иҷозаи раиси ин ё он шаҳру ноҳияҳо зарур буда, ҳозир аз мо пешниҳоди кадом як мактуберо тақозо доранд. Чӣ гуна мактуб – намегӯянд. Гузашта аз ин, раисони шаҳру навоҳиро аксаран дар ҷойи корашон наметавон дарёфт намуд», - мегӯяд Қаюмзод.

Номбурда хотиррасон намуд, ки барои ҷамъоварии имзоҳои зарурӣ вақти маҳдуд ҷудо гардида, онро то 6-уми октябр мебояд анҷом дод.

Ёдрас мекунем, ки интихоботи президенти Тоҷикистон санаи 6-уми ноябри соли равон таъин шудааст. ИНИТ дар ҳайати ҲНИТ ва ҲСДТ ба сифати номзади ягона ба мансаби президентӣ ҳомии ҳуқуқ Ойниҳол Бобоназароваро пешбарӣ кард.

Президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ, ба гуфтаи худаш, алҳол оид ба иштирокаш дар маъракаи интихоботи президентӣ ба қароре наомадааст. Дар ҳамин ҳол, коршиносон ба пирӯзии ӯ дар сурати иштирокаш шубҳае надоранд.

Аз Ҳизби аграрӣ – академик Толиббек Бухориев, Ҳизби демократ – раиси ҳизб Саидҷаъфар Исмонов, Ҳизби сотсиалист – раиси он Абдуҳалим Ғаффоров номзадҳо ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуданд.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар анҷумани худ, ки аввали ҳафтаи оянда доир мегардад, номзад ба мансаби президентӣ аз ҳизбро пешбарӣ хоҳад кард.

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҷамъоварии миқдори 5%-и имзоҳо аз шумори умумии интихобкунандагон барои аксари номзадҳо хеле мушкил хоҳад буд. Ба андешаи аксари сиёсатмадорон, механизми мавҷудаи ҷамъоварии имзоҳо гӯё махсусан чунин роҳандозӣ шудааст, ки тартиботи бақайдгирии номзадҳо мушкил гардад ва дар маъракаи интихоботи гузашта маҳз ҳамин омил садди роҳи бисёр номзадҳо шуда буд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ин душвориро ба осонӣ паси сар мекунад. Дар маъракаҳои интихоботи гузашта дар ҷамъоварии имзоҳо ҲХДТ ҳатто ба кӯмак расонидан ба рақибон омода буд.

«ҲХДТ то андозае ба ҳусни таваҷҷуҳи аксари аҳолӣ нисбаташ мутмаин аст, ки барои мо зарурати монеъае эҷод сохтан ба номзадҳои аҳзоби дигар зарурате вуҷуд надорад. Баръакс, фикр мекунам, ки аъзои ҳизби мо ҳатто ба кӯмак омодаанд», - гуфта буд он замон муовини раиси ҲХДТ Давлаталӣ Давлатов.