Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо КМИР ҶТ дар арафаи интихоботи президенти Тоҷикистон барои аҳолии ҷумҳурӣ таҳти унвони «Ман барои худам овоз медиҳам» як маъракаи омӯзишӣ доир мекунад.

Тавре аз Дафтари САҲА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин маърака то 5-уми ноябр идома ёфта, як қисмате аз барномаи мусоидат ба ҷараёни интихобот ва демократия дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Ба иттилои манбаъ, маърака ба беҳбуди сатҳи огаҳии шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар бораи ин маъракаи муҳим нигаронида шуда, бо ин мақсад ва ҷиҳати кӯмак ба интихобкунандагон бо забонҳои русиву тоҷикӣ дастуру китобчаҳои иттилоотӣ дар ин мавзӯъ ба чоп мерасанд.

Бино ба маълумоти КМИР ҶТ, аҳолии Тоҷикистон беш аз 8 млн. нафарро ташкил дода, аз ин шумор 4 млн. 34 ҳазор нафар аз ҳуқуқи овоздиҳӣ бархӯрдоранд.