Интихоботи президентии Тоҷикистон бо шикасти комили рақибони президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон анҷом пазируфт. Агар тамоми овозҳои ба ҷонибдории 5 номзад додашударо ҷамъ кунем ҳам, ҳатто ба нисфи овозҳои гирифтаи Раҳмон баробар намешавад.

Гузашта аз ин, номзадҳои дигар ҳатто ҳамон 5%-и овозҳои ҳангоми ҷамъоварии имзоҳо гирифтаашонро ба даст оварда натавонистанд. Чаро?

Бино ба маълумоти КМИР ҶТ, шумори умумии интихобкунандагон дар рӯзи интихобот беш аз 4 млн. 200 ҳазор нафарро ташкил дод. Дар интихобот 3 млн. 612 ҳазор тоҷикистониён ширкат варзиданд, ки 86% аз шумори умумиро ташкил медиҳад. Ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон 3 млн. 23 ҳазору 754 нафар (83,6%), коммунист Исмоил Талбаков – 181 ҳазору 675 нафар (5%), намояндаи ҳизби аграрӣ Толиббек Бухориев – 166 ҳазору 224 нафар (4,5%), раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев – 140 ҳазору 733 нафар (3,8%), раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров – 54 ҳазору 148 нафар (1,5%) ва раиси Ҳизби демократ Саидҷаъфар Исмонов – ҳамагӣ 36 ҳазору 572 нафар (1%) интихобкунандагон овоз доданд.

Рӯзи интихобот ҳар кадоме аз номзадҳо изҳори итминон мекард, ки ӯ пирӯз мешавад ё фоизи зиёди овозҳоро ба даст меорад, аммо ҳангоме ки КМИР натиҷаҳои пешакии овоздиҳиро эълон кард, номзаҳо аз ин дар тааҷҷуб нашуда, баръакс, изҳор намуданд, ки бо ин натиҷаҳо мувофиқанд. Аммо саволе ба миён меояд: чаро овозҳои гирифтаи онҳо ба шумори имзоҳои ба ҷонибдориашон ҷамъоварда мувофиқ намеояд,? Охир чунин ба назар мерасад, ки вақте шаҳрванд ба ҷонибдории номзад имзо гузошт, пас ӯ аллакай интихоби худро муайян кардааст…

Бо чунин савол мо ба худи номзадҳо муроҷиат намудем.

Номзади Ҳизби демократ Саидҷаъфар Исмонов , ки даъвои гирифтани 50%-и овозҳоро дошт,  изҳор кард, ки аз 1%-и боқимонда бо айби худ маҳрум шудаанд.

- Ин маънои онро дорад, ки дар ин муддати кӯтоҳ мо интихобкунандагонро муътақид сохта натавониста, ба бовари онҳо сазовор нашудем. Комёбиро мо дар дигар масъала мебинем: тайи муддати тӯлонӣ намояндаи ҲДТ дар ҳаёти сиёсии кишвар фаъолона ширкат варзид ва номи ман дар беш аз 3 млн. варақа ба чоп расида, интихобкунандагон бо он бевосита аз наздик шинос шуданд. Акнун манро на ҳамчун директори корхона, балки ба сифати раиси Ҳизби демократ қабул мекунанд. Аз ҷараёни интихобот мо ҳеҷ даъвое надошта, акнун ба интихоботи оянда омодагӣ мебинем, - мегӯяд С.Исмонов.

Номзади Ҳизби аграрӣ Толиббек Бухориев бар ин назар аст, ки шояд бо сабаби начандон ҷолиб будани маъракаи таблиғотиаш овозҳоро аз даст додааст.

- Пас аз ҷамъоварии имзоҳо як моҳ сипарӣ шуда, шояд интихобкунандагон мавқеъашонро тағйир дода бошанд ва онҳо ба ин ҳуқуқ доранд. Ман аз натиҷаи бадастовардаи худ қаноатмандам. Дар ҷараёни интихобот ҳеҷ қонуншикание ба мушоҳида нарасид. Дарвоқеъ натиҷаҳои интихобот нишон доданд, ки ҲХДТ ҳизби нисбатан қавӣ аст ва мо ба ғолибон комёбиу барор мехоҳем, - зикр кард Бухориев.

Номзади Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров низ аз натиҷаҳои интихобот қаноатманд буда, бар ин назар аст, ки «маҳз ба чунин натиҷа лоиқанд».

- Мо интизорӣ доштем, ки ҳадди ақал 10-12% раъй ба даст меорем. Ҳангоми ҷамъоварии имзо бо интихобкунанда рӯ ба рӯ суҳбат мекунӣ, овоздиҳӣ бошад, махфиёна дар ҳуҷра сурат мегирад ва ин ҷо интихобкунада танҳо бо виҷдони худ қарор мегирад. Натиҷаи мо гувоҳи он аст, ки мо ба камбудиҳо роҳ додаем ва акнун онҳоро мавриди омӯзиш қарор дода, баҳри рафъаш мекӯшем. Мушоҳидачиёни мо ягон қонуншикнаиро ба қайд нагирифтаанд.Аз ин рӯ, мо чунин мешуморем, ки ба чунин натиҷаҳо лоиқ будаем, - иброз дошт А.Ғаффоров.

Пас аз Эмомалӣ Раҳмон номзади Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков аз ҳама бештар овоз (181 ҳазору 685 овоз – 5%) гирифт. Сабаби 210 ҳазор имзо ҷамъ оварда тавонистану ин миқдор овоз нагирифтанашро ӯ чунин шарҳ дод:

- Ҳангоме ки мо имзо ҷамъоварӣ мекардем, шумори интихобкунандагон ҳудуди 4,2 млн. нафар буд. Дар интихобот наздики 3,6 млн. нафар ширкат варзиданд. Ҳудуди 15% ё худ наздики 600 ҳазор нафар дар интихобот ҳузур надоштанд ва шояд миёни онҳо интихобкунадагони мо ҳам бошанд, яъне онҳо ба ҷонибдории мо имзо гузошта, вале дар интихобот иштирок накарданд. Ман метавонам аз ин натиҷаҳо изҳори норизоӣ кунам, вале маҷбурам, ки ин рақамҳоро эътироф намоям, зеро ҳарчанд нозирони мо дар минтақаҳо қонуншиканиҳоеро ба қайд гирифта бошанд ҳам, онро ҳуҷҷатгузориву сабти видеоӣ накардаанд. Аз ин рӯ, мо ҳеҷ далеле дар ин бора дар даст надорем. Бояд бигӯям, ки дар вохӯриҳо интихобкунадагон аз ҳизби мо хеле самимона истиқбол мекарданд ва натиҷаҳои интихоботи гузаштаро ба виҷдони аъзои комиссия ҳавола мекунем.

Бо номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев муяясар нашуд, ки тамоси телефонӣ бигирем. Зангҳо мо ба ӯ беҷавоб монда, рақамҳои телефони идораи кории ҳизб кор намекарданд.