Вуруди барқияҳои табрикӣ ба унвони Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати президенти Тоҷикистон интихоб гардиданаш идома дорад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия ирсолнамудаи президенти Русия ба ин муносибат зикр мегардад, ки ғалабаи комил дар интихобот нишонаи сатҳи баланди эътимоди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Шумо ва хизматҳои шахсии Шумо дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат мебошад. «Робитаҳои миёни Русия ва Тоҷикистон хусусияти анъанавии дӯстона ва созанда доранд. Мехоҳам ҳавасмандиро барои идомаи кори самарабахши муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи шарикии дуҷонибаи стратегӣ ва иттифоқӣ ба манфиати халқҳои бародарамон ва баҳри таъмини сулҳ, амният ва субот дар Осиёи Марказӣ изҳор намоям», - гуфта мешавад дар барқияи Владимир Путин.

Дар барқияи шодбошии президенти Туркия Абдулло Гул омадааст: «Баргузории бомуваффақияти интихобот дар шароити тинҷиву оромӣ хурсандиовар мебошад. Таманнои онро дорам, ки натиҷаи интихобот ба халқи Тоҷикистон хайру саодат меорад. Равобити дӯстонаву бародаронаи байни кишварҳо ва халқҳоямон дар самтҳои гуногун рушду таҳким ёфта истодааст. Итминони комил дорам, ки дар марҳилаи нав низ саъю ғайрати хешро дар ин ҷода дареғ нахоҳед дошт».

Алмазек Атамбоев, президенти Қирғизистон дар барқияи худ изҳор менамояд: «Пирӯзии комили Шумо дар интихобот нишони сатҳи баланди боварии халқи тоҷик ба Шумо ва хидматҳои Шумо дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон аст. Робитаҳои анъанавии дӯстӣ миёни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола беш аз пеш фарогиртар шуда,  ба худ хусусияти динамикӣ касб мекунанд».

Дар қатори сарони кишварҳо ба унвони Эмомалӣ Раҳмон аз номи котиби генералии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай Дмитрий Мезентсев ва котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа низ паёми шодбошӣ расида, дар фаъолияти минбаъда ба прзиденти тозаинтихоби Тоҷикиситон комёбиҳо орзу шудааст.