Зимни баррасии пешгӯии сиёсати қарзиву пулии ҶТ дар соли 2014 ва ҳисобот дар бораи иҷрои он дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби Бонки миллӣ, раиси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи имрӯзаи парлумон аз сиёсати қарзиву пулии низоми бонкии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.

Пас аз шунидани ҳисоботи раиси БМТ Абдуҷаббор Ширинов раиси палатаи поёнии парлумон изҳор намуд, ки сарфи назар аз маълумоти намояндагони низоми бонкӣ дар бораи афзоиши ҳаҷми қарзҳои додашуда ба аҳолӣ ва хоҷагии халқ, меъёри фоизҳо ба қарзҳои бонкӣ дар ҷумҳурӣ хеле баланд боқӣ монда, на ҳар кадоме аз қарзгирандагон метавонад онро саривақт ва пурра пардохт намояд.

«Ғайр аз ин, вақте шумо тасдиқ мекунед, ки дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ қурби асъори миллии тоҷикӣ – сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ ҳамагӣ ба андозаи 0,1% коҳиш ёфтаасту ин ҳам дар ҳолест, ки феълан ҳаҷми воридот нисбат ба содирот хеле зиёд буда, маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ дар бозори дохиливу хориҷӣ рақобатпазир нест, ба гумони ман, маълумоти тасдиқи устувории қурби асъори миллӣ беасос аст», - иброз дошт Ш.Зуҳуров.

Дар идома ӯ низоми бонкии Тоҷикиситонро дар масъалаи назорат накардани истифодаи оқилонаи қарзҳои ҷудошуда аз ҷониби тоҷирони ватанӣ мавриди интиқод қарор дод.