- Барномаи пешазинтихоботии президенти тозаинтихоб Эмомалӣ Раҳмон асоси баронмаи ҳукумат оид ба рушди кишвар дар 7 соли минбаъдаро ташкил медиҳад, - иброз дошт дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти ҲХДТ.

Ба гуфтаи ӯ, раиси ҲХДТ, президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ситоди пешазинтихоботии худ супориш додааст, ки барномаҳои пешазинтихоботии рақибонашро дақиқан мавриди омӯзиш қарор дода, ба бандҳое, ки воқеъан ҳам ба рушди иқтисод ва ҳаёти иҷтимоии аҳолӣ ҷумҳурӣ мусоидат карда тавонанд, таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

«Рӯзҳои наздик ситоди пешаинтихоботии Эмомалӣ Раҳмон шакли ниҳоии барномаи ӯро ба ҳукумат пешниҳод хоҳад кард, ки дар он ҳатман баъзе пешниҳоду тавсияҳо аз барномаҳои рақибони ӯ дарҷ хоҳад шуд», - таъкид дошт номбурда.

Ёдрас мекунем, ки ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 6 нафар - президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов ба қайд гирифта шуда буданд.