Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президенти Тоҷикистонро, ки санаи 6-уми ноябр доир гардид, ҷамъбаст намуд.

Бино ба иттилои расмии КМИР ҶТ, барои гузаронидани интихобот 68 ҳавзаи интихоботӣ ва 3219 участкаи интихоботӣ, аз ҷумла дар 27 давлати ҷаҳон 61 участкаи интихоботӣ, аз ин шумора 24 участкаи интихоботӣ дар Федератсияи Россия ташкил карда шуд.

Аз шумораи умумии 4 млн. 201 ҳазору 156 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба рӯйхати интихобкунандагон дохил гардиданд, 3 млн. 787 ҳазору 703 нафар дар овоздиҳӣ иштирок намуданд, ки ин 90,1% -и шумораи умумии интихобкунандагони кишварро ташкил медиҳад. Шумораи бюллетенҳои беэътибор ҳисобидашуда дар маҷмӯъ 39 ҳазору 403 адад ё худ 1,04%-ро ташкил медиҳад.

Мувофиқи протоколҳои ҷамъбастии натиҷаи интихобот, ки аз комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ворид гардиданд, байни 6 номзади ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирифташуда, ки ба бюллетени интихобот дохил гардидаанд, овозҳои интихобкунандагон ба таври зайл тақсим шуданд:

- Олимҷон Бобоев, номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, тарафдор 143 ҳазору 231 нафар ё 3,82%;

- Толиббек Бухориев, номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон, тарафдор 168 ҳазору 313 нафар ё 4,49%;

- Абдуҳалим Ғаффоров, номзад аз Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон, тарафдор 55 ҳазору 516 нафар ё 1,48%;

- Саидҷаъфар Исмонов, номзад аз Ҳизби демократи Тоҷикистон, тарафдор 39 ҳазору 334 нафар ё 1,05%;

- Исмоил Талбаков, номзад аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, тарафдор 184 ҳазору 653 нафар ё 4,93%;

 - Эмомалӣ Раҳмон - номзад аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, тарафдор 3 млн. 157 ҳазору 253 нафар ё 84,23%.

Ҳамин тариқ, мувофиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобшуда ҳисобида мешавад.