Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Душанбе маросими ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, маросими мазкур дар Қасри Миллат оғоз гардида, дар Кохи Сомони бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт ва дар майдони Дӯстии пойтахт бо савгандёдкунии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба Президенти навинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба поён расид.

Гуфта мешавад, ба хотири камхарҷ ва бе масорифи зиёд доир намудани ин маросим ба он меҳмонони воломақом аз кишварҳои хориҷӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва фаъолон аз вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо даъват карда нашуданд. «Зиёфати расмӣ низ ба муносиботи ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намудани роҳбари навинтихоби давлат баргузор нашуд», - омадааст дар хабари хадамоти матбуоти президент.