Рӯзи 18-уми ноябри соли равон муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов ҳайати байниидоравии Федератсияи Русияро бо роҳбарии сафири ин кишвар дар Тоҷикистон – Игор Лякин-Фролов ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот доир ба вазъ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мубодилаи афкор сурат гирифта, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Русия дар самти лоиҳаҳои сохторҳои тахассусии СММ, ки бо дастгирии Русия дар Тоҷикистон амалӣ гардонида мешаванд, инчунин масъалаҳои ҳамкории сиёсӣ, ҳарбӣ-техникӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва башардӯстиро муҳокима намуданд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо аз дастгирии ташаббусҳои ҳамдигар ва ҳамкории қавӣ миёни ду кишвар дар пешбурди ташаббусҳои умумии минтақавӣ дар чаҳорчӯби СММ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки рушд ва таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи ояндаи кишварҳо дар асоси усули шарокати стратегӣ ва мутақобилан судманд сурат мегиранд.