Зимни суханронӣ дар маҷлиси нахусти ҳукумати ҷумҳурӣ бо ҳайати нав президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки бо таъмини иҷрои самараноки Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ то соли 2015-ум 30 фоиз ва то соли 2020 ба ба 20 фоиз коҳиш меёбад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки дар ин раванд пешбинӣ мегардад, ки дар натиҷаи татбиқи афзалиятҳои миллӣ иқтисоди мамлакатамон дар соли 2020 беш аз 80 фоиз афзуда, рушди босуботи Тоҷикистон таъмин карда шавад.

«Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат то соли 2020 ба ҳар сари аҳолӣ бояд якуним –ду баробар афзоиш ёфта, вазни қиёсии даромад ва хароҷоти ҷории буҷети давлатӣ нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 25 фоиз ва маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ аз 12 то ба 16 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расонида мешавад», - иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи сарвари давлат, бо амалӣ намудани тадбирҳои зикршуда имкон пайдо хоҳад шуд, ки музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия аз дуюним то се баробар зиёд карда шавад.

Дар суханронии президенти мамлакат таъкид шуд, ки ҳукумат ва сохтору мақомоти дахлдори он вазифадоранд, ки бо мақсади таҷдиду азнавсозӣ кардани инфрасохтори шаҳраку деҳот дар муҳлатҳои наздиктарин барномаи “Рушди деҳот”-ро таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод намоянд.