Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров ҷиҳати муайян кардани мақсади имкон надодан ба баргузории конфронси матбуотӣ дар коргоҳаш ва бо супориши кӣ сурат гирифтани ин амал ба мақомоти прокуратура муроҷиат карданист.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲСДТ дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон шахсияти занони ба коргоҳ воридшуда муайян карда мешавад, то ки дар ариза номи онҳо зикр гардад. «Ин занон ғайриқонунӣ ба дафтари корӣ ворид шуда, нагузоштанд, ки брифинг доир гардад ва худи ҳамин аллакай қонуншиканӣ аст, - иброз дошт ӯ. – Мо ҷаласаи Шӯрои сиёсии баргузор намуда, раиси ноҳияи Синоро даъват мекунем ва шахсияти занонро муайян мекунем,ҳ арчанд шахсияти чанде аз онҳо аллакай маълум аст».

Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи шахсоне, ки ҳангоми брифинг ба дафтари кории ӯ ворид шудаанд, «гурӯҳи зудамале мебошанд, ки тахминан аз сокинони ноҳияи Сино иборатанд ва чанде аз ин занон дар гирдиҳамоии назди сафорати ИМА дар Душанбе ҳузур доштанд».

«Симои ду нафар аз занон бароям хеле шинос намуданд, вале ба хотир оварда наметавонам, ки дар куҷо онҳоро дида будам. Ҳамчунин намояндагони ҳизб ду нафар ҷавононро шинохтанд ва мегӯянд, ки онҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё хадамоти махсуси кишваранд, вале ҳангоми ворид шудан ба дафтари кории мо онҳо сарулибоси мулкӣ ба бар доштанд», - афзуд Зойиров.

Ёдрас мекунем, ки роҳбари ҲСДТ журналистонро барои маълумот додан аз сафараш ба Украина, муддати ду рӯз дар Евромайдон қарор доштану шахсан мушоҳида кардани рӯйдодҳо дар майдони марказии шаҳри Киев гирдиҳам оварда буд, аммо як гурӯҳ занон ба толори барои конфронси матбуотӣ таъингардида ворид шуда, Р.Зойировро ба кӯшиши ташкили ҷанги нави шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон айбдор намуданд.

Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Амният Абдуланазаров аз имкон надодан ба баргузории конфронси матбуотии раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров изҳори норозигӣ кард.