Аввали ҳафтаи равон дар шаҳри Брюссел дар бинои Парлумони Аврупо ҷаласаи Гурӯҳи дӯстии вакилони Парлумони Аврупо ва Тоҷикистон барпо гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷаласа вакили Парлумони Аврупо, узви ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, роҳбари Гуруҳи дустӣ хонум Элизабет Йегл таъкид намуд, ки мақсади асосии гурухи дӯстӣ ин тавсеа ва таъмиқи робитаҳои бисёрсамтаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сармоягузорӣ, фарҳанг, маориф ва сайёҳӣ тавассути механизмҳои парлумонӣ мебошад.

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев дар суханронии худ дар бораи вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон, имконоти рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, инчунин оид ба имкониятҳои робитаҳои дуҷонибаи минбаъда бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, гидроэнергетикӣ, маориф ва сайёҳӣ маълумот дод.

Вакилони Парлумони Аврупо ба сатҳи кунунии ҳамкории гуногунҷанбаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон баҳои баланд дода, пешнищодҳои судмандро ҷиҳати истифодаи механизмҳои парлумонӣ дар тавсеаи робитаҳо байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон баён карданд.