Рӯзи 22 январи соли 2014 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса Ҳомидҷон Назаров бо ноиби Президенти ташкилоти шӯрои ҳамкорӣ “МЕДЕФ Интернасионал” Терри Куртен баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар оғози суҳбат оид ба захираҳои табиӣ ва иқтисодии Тоҷикистон маълумот дода шуд.

Зимни вохӯрӣ қайд карда шуд, ки МЕДЕФ омода аст, то соҳибкорони фаронсавиро ҷиҳати сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҷалб намояд.

Ташкилоти мазкур зиёда аз 800 ҳазор корхонаҳои хурду миёна ва калони Фаронсаро муттаҳид месозад.