Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров муҳлати баргузории конфронси дуюми Эътилоф «Барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон»-ро бинобар сабаби вафо карда натавонистан ба ваъдаҳояш мавқуф гузошт. Конфронси мазкур бояд имрӯз, 25-уми январ доир мегардид.

Дар изҳороти Зойиров дар ин робита қайд мешавад, ки ӯ то 15-уми январ мунташир намудани ҳамаи ҳуҷҷатҳои асосии барномавии Эътилофро ваъда карда буд, ки аз 5 санад иборат буда, бояд дар конфронси рӯзи 25-уми январи соли 2013 баррасӣ ва қабул мешуданд.

Ба гуфтаи сиёсатмадор, бинобар сабаби бемории ӯ аз 3 то 16-уми январ, ин ҳуҷҷатҳо саривақт омода нашудаанд. «Ин ҳуҷҷатҳо то конфронс бояд дар ВАО ва шабакаи Интернет баррасӣ шуда, бо назардошти он, мо варианти бозбинишудаи санадҳоро барои қабул ба конфронси Эътилоф пешниҳод карданӣ будем», - зикр крадааст Зойиров.

Гуфта мешавад, ӯ акнун ҳар се рӯз ҳуҷҷатҳоро мунташир намуда, аз тамоми ҷонибҳои манфиатдор, шаҳрвандони кишвар, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ВАО, сохторҳои тиҷоратӣ, олимон, сиёсатмадорон, ҷомеашиносон ва намояндагони дигар касбу кор дархост мекунад, ки пешниҳоду эрод, тағийроту илова ба бандҳои санадҳои мазкур ва андешаҳои дигари худ оид ба ин ҳуҷҷатҳоро иброз намоянд.