Ахири ҳафтаи гузашта раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев муовини раиси Шӯрои Федератсияи маҷлиси федералии Русия Вячеслав Штировро, ки ҳамзамон ҳамраиси комиссия оид ба ҳамкорӣ миёни Шӯрои федератсияи Русия ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон аст, ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси палатаи болоии парлумон Шавкат Саидов хабар дод, зимни мулоқот ҷонибҳо сатҳи баланди ҳамкориҳои дуҷонибаи байнипарлумониро таъкид намуда, М.Убайдулооев аз ҷониби Русия даъват кард, ки баҳри рушди бештари муносибатҳо кори форуми байнипарлумонии Тоҷикистону Русия барқарор карда шавад.

Ба иттилои манбаъ, Штиров ба ҳамсуҳбати худ паёми раиси Шӯрои федератсияи Русия Валентина Матвиенко дар бораи барқарор қардани фаъолияти форуми байнипарлумонии зикршударо супурдааст.

«Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи моҳи апрел дар Душанбе баргузор намудани ҷаласаи навбатии комиссияи байнипарлумонии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ  ба мувофиқа расиданд», - афзуд номбурда.