Рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, вазъи сиёсию иҷтимоии ҷумҳурӣ, минтақа ва ҷаҳон, таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратию дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии федеролии Олмон, ҳамчунин обрӯ ва  нуфузи афзояндаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар миёни қишрҳои мухталифи ҷомеаи тоҷик  аз масъалаҳои умдае буданд, ки дар мулоқоти муовини якуми раиси ҳизб Сафар Сафаров бо сафири кабири Ҷумҳурии Олмон дар Тоҷикистон ҷаноби Холгер Грэн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, С. Сафаров дипломати олмониро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ табрик гуфта, эшонро бо фаъолияти вусъатбори ҳизб, барномаҳои созандаи ин ташкилоти сиёсӣ,  нақши муҳими он дар таҳкими сулҳу субот ва омилҳои пирӯзии номзадҳои ҳизб дар маъракаҳои интихоботии президентӣ ва парлумонӣ ошно сохт ва зикр намуд, ки ҳизби мо бо амалҳои муфиду ғамхоронааш, ки барои беҳдошти зиндагии шоистаи мардум нигаронда шудааст, дар ҷомеа обрӯ ва манзалати баландеро касб намудааст. Зимнан, ҲХДТ дар раванди татбиқи меъёрҳои демократӣ дар сафи пеши ислоҳоти мазкур  қарор гирифта, бо нерӯи зеҳнии хеш дар амри пешрафти ҷомеа саҳми арзандаи худро мегузорад. Натиҷаи ҳамин аст, ки сол то сол Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ меафзояд ва сатҳи камбизоатӣ коҳиш меёбад.

Сафири Олмон ҷаноби Х. Грэн аз маълумоти муфассали ироашуда изҳори қаноатмандӣ карда, афзуд, ки асоси пешрафти иқтисод оромию суботи сиёсию иҷтимоӣ мебошад, ки Тоҷикистон аз он бархурдор мебошад. «Натиҷаи ҳамин сулҳу ваҳдати миллист, ки кишварҳои зиёде ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ карда истодаанд. Аз ҷумла, кишвари федеролии Олмон бо ихтисоси 30 миллион евро дар татбиқи 17 лоиҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм мегузорад. Бо мардуми меҳнатдӯсту меҳмоннавози тоҷик ҳамкориҳои густурдаро роҳандозӣ кардан ба манфиати халқҳои ҳарду мамлакат мебошад, ки мо ҷонибдори ҳамин гуна робитаҳо мебошем», - афзуд сафир.