Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ва такон додани корҳои созандагию бунёдкорӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, боздиди корӣ аз деҳаи Ҳусейншайхи ҷамоати деҳоти Корез бо ифтитоҳи расмии мактаби нави таҳсилоти умумӣ оғоз ёфт.

Тавре зикр гардид, бунёди ин мактаб соли 2012 оғоз гардида, бо харҷи беш аз 17 миллион сомонӣ барои 1280 хонанда дар ду баст бунёд шудааст ва дорои 22 синфхонаи таълимӣ, утоқҳои маъмурӣ, майдони варзишӣ ва устохонаҳои омӯзиши касбу ҳунарҳои муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир мебошад.

Майдони варзишии ин мактаб, ки аз се қисмат иборат буда, барои бозиҳои футбол, волейболу баскетбол, теннис ва дигар намудҳои варзиш пешбинӣ шудааст, басо зебою матлуб мебошад.

Зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон мардуми деҳаи Ҳусейншайхро бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, мактаби навро туҳфаи пурарзиши наврӯзӣ номид ва хонандагони онро ба таҳсили хубу аъло, одобу ахлоқи ҳамида ҳидоят намуд.

Ҳамчунин дар маркази шаҳраки Данғара бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон беморхонаи нави ҷумҳуриявӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре зикр гардид, сохтмони ин беморхона соли 2006 оғоз гардида, барои бунёду таҷҳизонидани он қариб 100 миллион сомонӣ харҷ шудааст. Муассисаи мазкур бо мақсади таъмини хизматрасонии босифату муосири тиббӣ ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.

Беморхона дорои имкониятҳои маҷмӯии ташхису табобат буда, дар як вақт ба 150 нафар эҳтиёҷманд хизмати тиббӣ расонида метавонад.

Дар ин муассиса имконияти хуби ташхису табобат ва гузаронидани амалиётҳои ҷарроҳӣ мавҷуд буда, ҳамзамон шароити хуби табобати гиёҳдармонӣ ва тавонбахшиву машқҳои варзишӣ низ муҳайё карда шудааст.

Ин беморхонаи муосир, ҳамчунин мошинҳои муҷаҳҳази ёрии таъҷилии тиббӣ ва нуқтаи истеҳсоли оксиген дорад.

Дар ин ҷо, инчунин тавассути шабакаи ягонаи электронӣ ва барномаҳои махсуси компютерӣ бақайдгирии электронии нишондоди беморон ва хулосаҳои ташхису машварати табибон ба роҳ монда шудааст.

Дар беморхона дастгоҳҳои тибби фосилавӣ низ васл гардидааст, ки тавассути он кормандон бо олимону мутахассисони соҳибтаҷриба аз дохил ва хориҷи кишвар ба таври мустақим машварат менамоянд.

Дастгоҳу таҷҳизоти тиббии ин беморхона, ки навтарин дар ин соҳа мебошанд, аз Сименс ва Дрейгер барин ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ дастрас гардидаанд.

Дар ин беморхона 240 корманди соҳаи тиб бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

Барои кор бо таҷҳизоти муосири тиббӣ 45 мутахассиси ин беморхона дар курсҳои такмили ихтисоси муассисаҳои дохил ва хориҷи кишвар бозомӯзӣ шудаанд.