Ахири моҳи апрел Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ният дорад, ки дар мавзӯи «Истифодаи технологияҳои муосири интихоботӣ дар шароити Тоҷикистон» семинари умумиҷумҳуриявӣ баргузор намояд, ки ба он фаъолони ҳизб аз тамоми минтақаҳи кишвар даъват карда мешаванд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти ҲХДТ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҳизби ҳокими кишвар ҳамеша ба баргузории интихобот дар сатҳҳои гуногун омодагӣ мегирад. «Масалан, имрӯз мо вазъеро мавриди таҳлил қарор додаем, ки дар интихоботи парлумонии соли 2010 дар баъзе ноҳияҳо ҳизби мо овози нисбатан камтар ба даст овардааст», - иброз дошт ӯ.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки баъди аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ расман эълон шудани оғози маъракаи интихоботӣ ҲХДТ ба марҳилаи фаъолонаи омодагӣ ба интихоботи парлумонии соли 2015 шурӯъ мекунад.