Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардор Аёз Содиқ сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Шералӣ Ҷононовро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Душанбе дар Исломобод хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба миёни кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, Сардор Аёз Содиқ таъкид доштааст, ки Покистон ба муносибатҳояш бо Тоҷикистон таваҷчуҳи хосса зоҳир мекунад, зеро ҳарду кишвар бо робитаҳои хеле зиёди таърихиву фарҳангӣ ва динӣ ба ҳам пайвастагии ногусастанӣ доранд.

Зимни вохӯрӣ зикр шудааст, ки таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ низ ба ин муносибатҳо тақвият мебахшад. Дар ҷараёни мулоқот ба нақши муҳими Тоҷикистон дар ҳалли буҳрони энергетикӣ дар минтақа низ таъкид шудааст.

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар ин вохӯрӣ ҳайати нави гурӯҳи байнипарлумонии дӯстии Ассамблеяи миллии Покистон бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон низ пешниҳод гардидааст.