Кумитаи парлумон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон танҳо ду пешниҳоди вакилони палатаи поёнии парлумон аз ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ оид ба ворид намудани тағйироту илова ба қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон»-ро пазируфт.

Аз дафтари кории ҲНИТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳукумат ва кумитаҳои парлумон аз ҳашт пешниҳоди вакилон аз ҲНИТ танҳо дутояшро дастгирӣ кардаанд. «Ин ҳам бошад, баргардонидани гаравпулии интихоботӣ ба номзадҳо ба мансаби президентӣ дар сурати ба даст овардани 10%-и раъйи интихобкунандагон ва пур кардани протоколҳо бо қаламҳои ранга, - гуфтанд дар ҲНИТ. – Аммо дигар бандҳоро кумитаҳо дастгирӣ накарданд ва пешниҳодҳои асосии лоиҳа баргардонида шуданд».

Дар ҳизби мазкур бар ин назаранд, ки яке аз бандҳои асосии пешниҳодҳои ҲНИТ аз шомил гардидани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба ҳайати комиссияҳои интихоботии қитъавӣ, ба муҳоҷирон додани ҳуқуқи иштирок дар интихобот ба сифати номзад ва ҳамчунин «имкон додан ба нозирони маҳаллӣ ҷиҳати гирифтани нусхаҳои шумори овозҳо» иборат буд.

Қабл аз ба баррасии иҷлосияи Маҷлиси намояндагон гузоштани ин баҳс Муҳиддин Кабирӣ пешниҳод намуд, ки дар робита ба ин масъала бо иштироки намояндагони ҳукумат, аҳзоби сиёсӣ, вакилон, коршиносон ва рӯзноманигорон мизи гирд гузаронида шавад, то ки «андешаҳои тамоми ҷомеаи оид ба ин масъала баён карда шаванд».

Ёдрас мекунем, ки яке аз муаллифони лоиҳаи тағйироту илова, муовини аввали раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ қаблан дар ин робита изҳор намуда буд, ки тағйироту илова дар навбати аввал ба демократикунони ҷараёни интиххобот ва таъмини шаффофияти он нигаронида шудаанд.

Тайи солҳои 2012 2013 намояндагони ҲНИТ дар парлумон чандин маротиба ворид намудани тағйироту илова ба қонуни конститусионии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи президент»-ро пешниҳод карданд, вале онҳо аз ҷониби вакилон дастгирӣ наёфтанд.