Рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Сафири Давлати гуногунмиллати Боливия дар Федератсияи Русия хонум Мария Луиса Рамос Урсагасте мулоқот орост.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Боливия ва роҳандозии ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд.