Сафири Малайзия дар Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар Тошканд) Абдул Азиз Хорун ба шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи маориф (рӯзҳои 24-26-уми апрел) иштирок мекунад.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, рӯзҳои 28-29-уми апрел сафирони тозатаъини Австралия дар Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар ш. Москва) Пол Майлер ва Исроил (бо иқоматгоҳ дар ш. Тошканд) хонум Кармела Шамир низ ҷиҳати супоридани нусхаи эътимоднома ба Вазири корҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд.