Аз 22 то 25 апрели соли 2014 дар шаҳри Пекин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаҳои навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии (ШҲМ) давлатҳои аъзои СҲШ ва Гурӯҳи кории коршиносон (ГКК) оид ба масъалаҳои васеъшавии Созмон, инчунин машваратҳо миёни вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ дар мавзӯи «Ҳамкориҳо миёни хадамоти иттилоотии вазоратҳои корҳои хориҷӣ оид ба раванди инъикоси иттилоотии фаъолияти Созмон» баргузор шуданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти ҷаласаи ШҲМ СҲШ мавзӯъҳои вобаста ба рафти омодагӣ ба баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Душанбе, ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Остона, ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Душанбе, ҷаласаҳои коршиносон ва роҳбарони вазорату идораҳои гуногун, ки баргузории онҳо соли ҷорӣ дар чорчӯбаи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ ба нақша гирифта шудаанд, баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои таъсис додани механизми ҳамкориҳоро бо давлатҳои нозири СҲШ мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҷаласаи ГКК оид ба масъалаҳои васеъшавии Созмон барои баррасии мавзӯи такмил додани заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии механизми қабул намудани давлатҳои аъзоҳои нав ба СҲШ доир гардид. Дар ин робита дар рафти ҷаласа лоиҳаҳои таҳрири нави Ёддошти тафоҳуми намунавӣ дар бораи уҳдадориҳои давлати дархосткунанда бо мақсади гирифтани мақоми давлати аъзои СҲШ ва Тартиби додани мақоми давлати аъзои СҲШ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қабули ҳуҷҷатҳои мазкур соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар рафти ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар назар дошта шудааст.

Дар рафти машваратҳои роҳбарони хадамоти иттилоотии вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ мавзӯъҳои вобаста ба ҳамкориҳо дар соҳаи таъминоти иттилоотии фаъолияти Созмон муҳокима шуда, лоиҳаи Нақшаи таъмин намудани инъикоси иттилоотии ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Душанбе ҳамоҳанг гардид.