Вакилони парлумон аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) лоиҳаи пешниҳодшудаи тағйироту илова ба қонун «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз ҷониби ҲНИТ-ро дастгирӣ карданӣ нестанд.

Раиси ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шодӣ Шабдолов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки яке аз мушкилоти умда ва назаррас дар Артиши Тоҷикистон калонсолорӣ ё худ «дедовшина» аст ва дар лоиҳаи аз ҷониби вакилони ҲНИТ пешниҳодшуда аз байн бурдани он пешбинӣ намешавад.

«Ба эътиқоди мо, падидаи калонсолорӣ дар артишро бо кам кардани муҳлати хизмат аз ду соли имрӯза то як сол метавон аз байн бурд, зеро дар ин ҳолат мафҳумҳои собиқадорони хизмат ва наваскарон худ аз худ барҳам мехӯранд», - гуфт раиси ҲКТ.

Ғайр аз ин ӯ таъкид дошт, ки ҳамзамон ҷараёни даъват ба хизматро мебояд куллан тағйир дод. «Ба хизмати ҳарбӣ ба муҳлати як сол ҷавонони босаводу бофарҳангро даъват кардан зарур аст, ҷавонони камтар босаводу аз ҷиҳати ҷисмонӣ нисбатан камқувват метавонанд хизматро муҳлати як сол дар сохтмони иншоот, бахшҳои иҷтимоиву кишоварзӣ адо кунанд», - изҳор намуд Шабдолов.

Раиси ҲКТ пешниҳод дар бораи таъини музди меҳнат  ва аз ҷониби ҳукумат муқаррар шудани ҳаҷми пардохтпулиҳо ба ҷавононеро, ки ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хоҳиш надоранд, куллан қабул надорад. «Агар ҳукумат ин маблағро дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ муқаррар намояд, дар шароити Тоҷикистон киҳо метавонанд бо пардохти мааблағ аз хизмат дар артиш озод шаванд? Танҳо фарзандони соҳибони навпайдошудаи ҳаёт ва олигархҳо», - афзуд Шабдолов.