Дар доираи сафари расмӣ ба Тоҷикистон имрӯз президенти Чехия Милош Земан бо раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дидору гуфтушунид кард.

Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳамммадато Султонов хабар дод, зимни мулоқот Шукурҷон Зуҳуров таъкид доштааст, ки роҳандозии робитаҳои наздик миёни парлумонҳои ду кишвар барои рушди муносибатҳои Прага ва Душанбе дар бахшҳои энергетика, фарҳанг, илм, саноат ва ғайра заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.

«Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ бо қаноатмандӣ зикр кард, ки мавқеъи ҳарду кишвар дар бисёр масоили байнулмилалӣ, аз ҷумла ҳалли мушкилоти Афғонистон ҳамгуна ё хеле наздиканд», - қайд кард Султонов.

Зимнан зикр гардид, ки президенти Чехия натиҷаҳои сафари расмиаш ба Душанберо хеле пурсамару муҳим арзёбӣ намуда, изҳор доштааст, ки парлумонҳои Тоҷикистону Чехия дар рушди муносибатҳои Прага ва Душанбе дар самтҳои гуногун саҳми босазо гузошта метавонанд.