Раиси Шӯрои миллӣ (парлумон)-и Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ рӯзҳои 3-6-уми декабр бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷараёни сафар ба Тоҷикистон раиси парлумони Афғонистн бо президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дидору гуфтушунид анҷом дода, ҳамчунин аз палатаи болоии парлумон боздид мекунад.

«Дар ҷараёни дидор ва гуфтушунидҳои раиси парлумони Афғонистон ба масъалаҳои рушди ҳамкориҳо миёни парлумонҳои ҳарду кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд», - гуфт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки намояндаи аққалияти миллии ӯзбекҳои Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ моҳи феврали соли 2011 раиси парлумони ин кишвар интихоб шуда буд.