Дар шаҳри Қазон раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бо узви Президиуми шӯрои генералии ҳизби «Единая Россия» Андрей Климов мулоқот кард.

Сухангӯи ҲНИТ Маҳмудҷон Файзраҳмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар мулоқот ҷонибҳо масоили вазъи муҳоҷирони корӣ, афзоиши тундгароӣ дар минтақа, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва истифодаи имконоти ҷомеа, аз ҷумла аҳзоби сиёсӣ дар ҳалли ин мушкилоти умумиро баррасӣ намуданд.

«Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои байнулмилалӣ ва вазъ дар минтақа табодули афкор намуда, таҳкими минбаъдаи робитаҳо миёни ҳизбҳо баҳри беҳбуди некӯаҳволии мардумро таъкид доштанд», - қайд кард Файзраҳмонов.

Қобили зикр аст, ки ин мулоқот дар чаҳорчӯби кори Форуми ҷамъиятии «Ҳамгиройии иқтисодии авруосиёӣ: дастовардҳо ва мушкилот» дар Қазон доир гардида, Муҳиддин Кабирӣ ҳамчунин аз Донишкадаи исломии Русия боздид ва бо ректори ин донишкада Рафиқ Муҳаммметшин низ мулоқот кардааст.