Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) Саидҷаъфар Исмонов изҳор намуд, ки коҳиши шумори қитъаҳои интихоботӣ дар Русия аз 24 то 3 адад хеле зиёд ҳуқуқҳои муҳоҷиронро ба иштирок дар интихобот поймол мекунад.

Ба андешаи ӯ, ҳеҷ кадоме аз муҳоҷироне, ки ба гунаи мисол дар шаҳри Санкт-Петербург кор мекунанд, барои овоздиҳӣ ба шаҳри Маскав, сафоратхонаи Тоҷикистон намераванд. «Онҳо на вақту маблағ доранду на аз таҷрибаи кофии сиёсӣ бархӯрдоранд, то ки аз минтақаҳои гуногуни Русия ҷиҳати раъйдиҳӣ ба шаҳрҳои Маскаву Уфа ва Екатеринбург ҳозир шаванд, зеро танҳо дар ҳамин шаҳрҳо намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон амал карда, дар назди онҳо қитъаҳои интихоботӣ боз мегарданд», - мутмаин аст пешвои демократҳо.

С.Исмонов бар ин назар аст, ки вакилони амалкунанда шитобкорона тағйироту иловаҳо ба қонунгузории интихоботро қабул карданд, ки мувофиқи онҳо акнун танҳо дар намояндагиҳои расмии дипломатии Тоҷикистон дар Русия қитъаҳои интихоботӣ ташкил карда мешаванд. «Вакилони мардумӣ миқёси поймолкунии ҳуқуқи муҳоҷирон дар ин масъаларо ба инобат нагирифтанд», - таъкид дошт раиси ҲДТ.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки беш аз 90%-и вакилони амалкунандаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ зодагони деҳотанд ва шояд то имрӯз ҳам андешаву афкори музофотии худро канор нагузоштаанд. «Ман умедворам, ки пас аз интихоботи парлумонии моҳи феврали соли оянда, ниҳоят парлумони касбӣ дар кишвар ба фаъолият шурӯъ мекунад», - афзуд Саидҷаъфар Исмонов.

Бино ба маълумоти КМИР Тоҷикистон ,  дар маъракаи интихоботи парлумонӣ дар моҳи феврали соли оянда дар хориҷи кишвар ҳудуди 40 қитъаи интихоботӣ ташкил карда мешавад, ки нисбат ба интихоботи президентии санаи 6-уми нобри соли гузашта ва интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2010 хеле камтар аст.