Арбоби сиёсӣ ва давлатии солҳои 80-90-уми асри гузаштаи Тоҷикистон Ҳикматулло Насриддинов пешниҳод дорад, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расман номзад ба дарёфти ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ карда шавад.
Ба андешаи Ҳ.Насриддинов, ин пешниҳодро метавон тавассути парлумони Тоҷикистон бо мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ва намояндагони ҳукумат расман ба унвони мақомот оид ба мукофотонидан бо ҷоизаи Нобел ирсол намуд.
Сиёсатмадор мегӯяд, Э.Раҳмон замони ҷанги шаҳрвандӣ, ки ба кишвар хатари аз харитаи ҷаҳон берун рафтан таҳдид мекард, сарварии Тоҷикистонро ба дӯш гирифт. «Ман дар иҷлосияи таърихии соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд ҳамчуи вакил мушоҳида карда будам, ки бисёре аз сиёсамадорони варзидаи он замон раҳабрии давлатро ба уҳда гирифтан намехостанд, вале Эмомалӣ Раҳмон бо суханони «Ман ба Тоҷикистону сулҳу созиш меорам», ин вазифаи мушкилро ба дӯш гирифт», - гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Ҳ.Насриддинов.
Ӯ мутмаин аст, ки имрӯз ҳеҷ касе хизматҳои шоистаи Э.Раҳмонро дар боло бурдани обрӯву нуфузи Тоҷикистон, рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва ҳалли мушкилоти сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ инкор карда наметавонад.
«Ғайр аз ин, президент Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси ҷаҳонӣ дар масоили мушкилоти об, расидан ба сулҳу ризоият дар Афғонистон, барқарор намудани муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ дар минтақа ва рушди равандҳои ҳамгиройӣ дар паҳнои пасошӯравӣ ташаббусҳои зиёде пешниҳод кард», - таъкид дошт Ҳ.Насриддинов.
Ба андешаи ӯ, нисбат ба президенти ИМА Барак Обама президенти Тоҷикистон бештар ба ин ҷоиза сазовор аст. «Чанд сол қабл ғайриинтизори аксари коршиносон ҷоизаи сулҳи Нобел ба президенти ИМА Барак Обама тақдим гардид. Ман ва натанҳо ман мутмаинем, ки барои барқарор крадани сулҳу субот дар кишвари худ ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ, Э.Раҳмон на камтар аз Б.Обама саҳм гузоштааст», - афзуд сиёсатмадор.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Ҳикматулло Насриддинов пешниҳод карда буд , ки Эмомалӣ Раҳмон президенти якумраи Тоҷикистон эълон карда шавад. Аввали моҳи сентябри соли 2015 ӯ ҳайкал гузоштан ба президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ва такроран ба ӯ додани унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро пешниҳод карда буд.
Мақоме боиси орзу, аммо бидуни таъсир ба фазои сиёсӣ. Тасвири симои вакили тоҷик
Ба оилаҳои аз заминларза зарардидаи Рашт беш аз 483 ҳазор сомонӣ кӯмак кардаанд
Чаро сабзавоту меваи Тоҷикистон бозори Қазоқистонро аз даст медиҳанд?
Бо ширкати театри 6 кишвар. Дар Душанбе ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ - “Наврӯз” баргузор мегардад
Тоҷикистону Эрон мехоҳанд раводид тавассути роҳҳои заминиро ҳам бекор кунанд
Тоҷикистону Арманистон оид ба таъсиси корхонаи муштарак мувофиқа ҳосил карданд
“Набудани ҳунарманд роҳбари театрро ба саҳна баровард”. Ҷашнвораи “Парасту 2025” чӣ бурду чӣ бохт дошт?
Дастхатҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ ба феҳристи “Ҳофизаи ҷаҳонӣ”-и ЮНЕСКО шомил гардид
Меҳнатдӯст ва меҳанпарасти асил: Юсуфҷон Аҳмадов 75 – сола шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 4
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста