Президенти Русия Владимир Путин санаи 28 феврал бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.
Ёдрас мекунем, ки охири моҳи феврал сафари президенти Русия ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ба ҷуз Турманистон дар назар аст.
Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, зимни сафари президенти Русия ба Тоҷикистон имзои як қатор созишномаҳои нави ҳамкорӣ миёни кишварҳо дар назар буда, дар ҷараёни сафари сарвари давлати Русия баимзорасии якчанд созишномаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо чанде аз минтақаҳои бузурги ин кишвар пешбинӣ мешавад.
Ба ҳар ҳол, ба андешаи коршиносон, яке аз масъалаҳои асосии мавриди баррасии гуфтушуниди Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон узвияти имконпазири Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва масъалаи таъмини амният дар минтақа хоҳад буд.
«Шояд ҷониби Русия бори дигар масъалаи иҷораи фурудгоҳи Айнӣ ва Тоҷикистон ҳарчи зудтар интиқол додани техникаи ҳарбӣ бар асоси тавофуқҳои соли 2012-ро матраҳ созанд, - мегӯяд коршиноси тоҷик Нуралӣ Давлат. - Аз эҳтимол дур нест, ки масъалаи узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё маҳз дар ҳошияи интиқоли техникаи зикршуда ё дигар шартҳои барои Тоҷикистон судманд баррасӣ шавад».
Қобили зикр аст, ки дар мансаби президенти Русия Владимир Путин 8 маротиба - моҳи июли соли 2000, октябри 2001, апрели 2003, октябри 2004, октябри 2007, октябри 2012, сентябри 2014 ва моҳи сентябри соли 2015 ба Тоҷикистон ташриф овардааст.