Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба ифтихори таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи шаҳри Панҷакент дар бораи сафари таърихии президенти Ӯзбекистон изҳори назар кард.

Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки «рӯзҳои 9-10 март, дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон Мирзиёев Шавкат Мирамонович ҳамаи монеаҳое, ки зиёда аз ду даҳсола дар рафтуомади одамон ва додугирифти молу маҳсулот бо кишвари дӯсту бародари Ӯзбекистон вуҷуд доштанд, аз байн бардошта шуданд».

«Ба шарофати санадҳои ҳангоми сафари дӯсту бародари ман Шавкат Мирамонович имзошуда ҳазорон оилаҳое, ки солҳои дароз аз дидори ҳамдигар маҳрум буданд, ба хабаргирии хешу таборон муяссар шуданд, яъне рафтуомади озодонаи одамон оғоз гардид ва қалби миллионҳо нафар сокинони ҳар ду кишвар шод шуд», - гуфт ӯ.

Акс аз хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Ҳамчунин таъкид шуд, ки илова бар ин, робитаҳои амалан кандашудаи тиҷоратӣ ва илмиву фарҳангӣ барқарор гардида, барои тавсеаи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи ду халқи ҳамсояву бародар заминаи устувор фароҳам оварда шуд.

Қобили зикр аст, ки дар ҷашни Наврӯзи шаҳри Панҷакент ҳамчунин ҳайати вилояти Самарқанди Ӯзбекистон низ ҳузур доштанд, ки Эмомалӣ Раҳмон онҳоро шодбош ва хайра мақдам гуфт.

Ҳамчунин дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи Самарқанд рӯзи 21 март бо иштироки президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёв низ ҳайати Тоҷикистон ҳузур дошта, Сарвари давлати ҳамсоя онҳоро шодбошу хушомадед кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.