Тоҷикистон хунрезӣ дар навори Ғазза ва кушта шудани даҳҳо шаҳраванди Фаластинро, ки ба тазоҳуроти осоишта баромада буданд, қотеона маҳкум менамояд.

Дар изҳороти дар ин робита нашршудаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон қайд мешавад, ки шиддатёбии вазъият ва таҳрики амалиёти хушунатбор ваъияти бе ин ҳам хатарноки минтақаро печидатар месозад.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон бо таъкид бар зарурати ҳатмии ҳалли низоъ бар асоси қатъномаҳои маълуми Шӯрои амнияти СММ, аз ҳамаи ҷонибҳо даъват ба амал меорад, ки аз истифодаи зӯр ва амалҳое, ки поя ва асоси сулҳу суботро аз байн мебаранд, худдорӣ намоянд.

Қобили зикр аст, ки санаи 15 май дар партави 70-умин солгарди таъсисёбии давлати Исроил ва интиқоли сафорати ИМА аз Телавив ба Байтулмуқаддас тазоҳуроти фаластиниҳо доир гардид.

Дар натиҷаи истифодаи силоҳ аз ҷониби сарбозони Исроил тибқи маълумоти ахир, 59 тан аз фаласиниҳо ҳалок ва беш аз 2,7 ҳазор нафар захмӣ шудаанд. Пешвои фаластиниҳо мотами серӯза эълон кард, менависад Лента ру.

Дар ҳамин ҳол, дар кушта шудани беш аз 50 нафар фаластиниҳо Вашингтон Ҳаракати муқовимати исломӣ (Ҳамос)-ро гунаҳкор дониста, қайд кардааст, ки ин эътирозҳо аз ҷониби аъзои ҳаракат тарҳрезӣ шудааст.

Ҳаракати муқовимати исломӣ (Ҳамос) соли 1987 таъсис ёфта, дар Исроил, Канада ва ИМА созмони террористӣ эътироф шудааст. Ҳамчунин дар Урдун ва Миср фаъолияташ манъ аст. Аз соли 2007 ин созмон навори Ғаззаро зери назорат дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.