Муовини раиси Кумитаи доимоамалкунандаи Маҷлиси умумичинии вакилони мардумии Чин Алехен Еминбахэ пагоҳ, 23 май бо сафари серӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҶТ, дар ҷараёни сафар дидору гуфтушуниди Алехен Еминбахэ бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ва сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар назар аст.

Гуфта мешавад, муовини раиси кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии вакилони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Алехен Еминбхахе ва ҳамроҳони ӯ ҳамчунин аз осорхонаи миллӣ, «Кохи Наврӯз», Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2,  майдони  «Дӯстӣ»,  боғи устод Рӯдакӣ,  маҷмааи нишон ва Парчами миллии Тоҷикистон  ва ҷойҳои зебоманзараи ноҳияи Варзоб боздид мекунанд.

Маҷлиси умумичинии вакилони мардумии Чин мақоми олии ҳокимияти давлатӣ (парлумон)-и Чин мебошад. Ба ҳайати он вакилон аз музофоту ноҳияҳои мухтор, шаҳрҳои тобеи марказ ва қувваҳои мусаллаҳ шомиланд. Вакилони ин маҷлис ба муҳлати 5 сол интихоб мешаванд.

Узви Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин даъвати 19-ум, муовини раиси Маҷлиси умумичинии вакилони мардумии Чин даъвати 13-ум Алехен Еминбахэ 65-сола буда, миллаташ уйғур аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.