Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон рафт, дар Фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Тошканд шахсан Президденти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев истиқбол гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарварли давлат, дар ин сафар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро гурӯҳи калони ҳайати расмӣ аз ҳисоби аъзои ҳукумат, роҳбарони муассисаву идораҳои давлатӣ, раисони вилоятҳо, соҳибкорон ва аҳли ҳунару фарҳанг ҳамроҳӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд аз маросиси гулчанбаргузорӣ назли пояи муҷассамаи Истиқлолият дар Тошканд оғоз гардида, сипас дар қароргоҳи президенти Ӯзбекистон «Куксарой» гуфтушуниди ба истилоҳ «як ба як»-и сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон доир мегардад.

Баъди анҷоми ин гуфтушунид маросими баимзорасии бастаи нави санадҳои ҳамкориҳои дуҷониба баргузор мешавад. Дар маҷмӯъ, байни ду кишвар имзои ҳудуди 23 санад ва созишномаҳои ҳамкорӣ дар назар аст.

Нимаи дуюми имрӯз сарони кишварҳо Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Тоҷикистон таҳти унвони «Истеҳсоли Тоҷикистон» боздид намуда, сипас бо фаъолияти корхонаи «Artel» шинос мешаванд.

Шоми имрӯз сарони ҳарду кишвар дар Кохи форумҳои «Ӯзбекистон» дар консерти пуршукӯҳи ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистону Ӯзбекистон – «Шоми дӯстӣ» ширкат меварзанд. Шабакаи телевизионии «Ӯзбекистон 24» доир ба сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар пахши мустақим намоиш медиҳад.

Нимаи аввали рӯзи 18 август Эмомалӣ Раҳмон дар Тошканд бо раиси палатаи поёнии парлумони Ӯзбекистон Нуриддин Исмоилов ва сарвазири ин кишвар Абдулло Орипов дидору гуфтушунид мекунад.

Баъдан Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Тошканд ба шаҳри Самарқанд рафта, бо ёдгориҳои таърихии ин шаҳри кӯҳанбунёд аз наздик ошно мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.