Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов пагоҳ, 24 август ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои муассисони Фонди байнулмилалии наҷоти Арал ба Туркманистон раҳсипор мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Дар ин ҷаласа, ки дар шаҳри Туркманбошӣ доир мегардад, масоили муҳими ҳамкории кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар самти беҳбуди вазъи экологии ҳавзаи баҳри Арал дар шароити тағйирёбии сартосарии иқлим баррасӣ мешаванд.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа қабули Баёнияи муштараки сарони кишварҳои Фонди байнулмилалии наҷоти Арал дар назар аст.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои Фонд як қатор дидору гуфтушунидҳои дуҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон пешбинӣ шудааст.

Фонди байнулмилалии наҷоти Арал соли 1993 аз ҷониби сарони панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.