Сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух, ки тибқи хабарҳои пешакӣ, қарор аст 8-уми апрел сурат бигирад, дар пасманзари баҳсҳои ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон бар сари ин ҷамоати марзии Исфара, мавриди таваҷҷуҳи хоси мардуми Тоҷикистон қарор дорад.
Интизор меравад, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар ба ин минтақаи хос дар баробари мулоқот бо мардуму ифтитоҳи иншооту дигар лоиҳаҳои муҳим барои мардум, ҳамчунин мавқеи Тоҷикистонро дар суханрониҳояш вобаста ба масоили марзӣ баён кунад.
Гуфта мешавад, ки дар Ворух барои мулоқот бо раисҷумҳур барои тақрибан 2 ҳазор нафар ҷой омода шуда истодааст. Интизор меравад, дар ин сафар майдони боғ ва парчами давлатӣ, қасри фарҳанг дар ин деҳа ба истифода дода шаванд.
Сафари раисҷумҳур ба вилояти Суғд имрӯз оғоз мешавад. Зимни сафар президент бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақа шинос шуда, бо фаъолон ва аҳолӣ мулоқот мекунад, инчунин дар маросимҳои мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншшоти нав ширкат варзида, ба татбиқи як қатор лоиҳаҳо ҳусни оғоз мебахшад.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни сафар ба минтақаи шимоли кишвар ба масъалаи омодагии вилояти Суғд ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд. Мувофиқи нақшаҳои ҳукумати вилояти Суғд, ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар минтақаи шимоли кишвар ба истифода додани зиёда аз 6,5 ҳазор иншооти нав пешбинӣ шудааст, ки 300-тоаш корхонаҳои саноатӣ мебошанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Аз Сайидиброҳим Раисӣ то Рамон дел Ферро. Президентҳое, ки дар садамаи ҳавоӣ ҷон бохтаанд
Рӯзи 3 юми июн сафкашии сайёраҳоро метавон мушоҳида кард. Ин чист ва онро чӣ гунаву дар куҷо метавон дид?
Размикорони тоҷики ММА Наимов ва Ғафуров 22 июн ба октагони UFC FIGHT NIGHT мебароянд
"Душман"-и Ғарбу ходими содиқи низом: Ҳусейн Амирабдуллоҳиён кӣ буд?
Стратегҳои тоҷик ҳарчи бештар истеҳсоли нони худиро тавсия медиҳанд
“Осори тир нест”. Мақомоти Эрон натиҷаи аввалияи таҳқиқи суқути чархболи Иброҳим Раисиро эълон кард
Вазорати дифоъ: Нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 дарсад иҷро шуд
Чаро Самандар Муродов дар UFC муҳориба намекунад?
Таваллуди зиёд – баҳонае барои рӯйпӯш кардани мушкил? Чаро дар Суғд нақшаи бунёди кӯдакистон иҷро нашуд?
Пешниҳоди Рустами Эмомалӣ. Аввалин Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Тоҷикистон чӣ гуна баргузор мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста