Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров 19 май дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки тариқи ҳузури бевосита дар Душанбе доир мегардад, иштирок мекунад. Дар ин бора рӯзи 13 май намояндаи расмии ВКХ Русия Мария Захарова ба рӯзноманигорон хабар додааст.

Ҷаласаи зикршуда таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин баргузор мешавад, зеро раёсати имсоларо дар СААД Тоҷикистон бар дӯш дорад.

Дар ҷаласа оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди вазъияти байнулмилалӣ бо арзёбии таъсири он ба амнияти кишварҳои узви Созмон, инчунин рушду таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар доираи СААД табодули назар сурат мегирад.

Инчунин роҳбарони ҳайатҳо қарорҳоеро, ки ҷиҳати баррасӣ ба иҷлосияи тирамоҳии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмон пешниҳод мешаванд, тасдиқ мекунанд.

Зимни ҷаласа қабули як қатор изҳороти муштарак оид ба масоили муҳими байнулмилалӣ, ҳамкории СААД бо давлатҳои манфиатдор ва созмонҳои байнулмилалӣ ба дар назар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.