Маршал Дӯстум пас аз муддатҳо хомӯшӣ дар пасманзари Эъломияи "Шӯрои олии муқовимати миллии Ҷумҳурии исломии Афғонистон" дар Твиттераш навиштааст, ки агар Толибон эҷоди ҳукумат бо роҳи интихоботиро рад кунанд, Шӯро бар зиддашон мубориза хоҳад бурд.
"Дар сурате, ки ба паёми сулҳ ва қатъи ҷанг посухи мусбат дода нашавад ва гурӯҳи Толибон аз пазириши ҳуқуқи миллиятҳои бузурги Афғонистон ва ҳуқуқи занон имтино варзанд ва мардумсолориву эҷоди ҳукумати мубтанӣ ба интихоботро рад кунанд, мо барои ба курсӣ нишондани ҳуқуқи мардум мутаъаҳҳид ба мубориза алайҳи истибдод ҳастем", - нигоштааст Маршал Дӯстум.
Ӯ навиштааст, ки "мо ҳеҷ гоҳ тарафдори ҷанг набуда ва нестем, аммо истибдод ва такравиро (инҳисоргарӣ) низ намепазирем".
Дӯстум таъкид кардааст, ки бахши аввали эъломияи Шӯрои олии муқовимати миллӣ даъват ба мусолиҳа ва поён додан ба ҷанги 40-солаи Афғонистон аст.
"Ин дар воқеъ як рафъи масулият низ аст, то фардо касоне чашм баста моро муттаҳам ба шурӯъи ҷанг накунанд",- афзудааст оқои Дӯстум.
Ин дар ҳолест, ки Маршал Дӯстум қабл аз даргириҳову ҳарҷу марҷҳо ва суқути Кобул хитоб ба Толибон намуда гуфта буд, ки агар ба қаламрави вай ҳамлае сурат бигирад ҳамаашонро несту нобуд мекунад ва ӯро барои наслкушӣ муттаҳам накунанд.
Вай дар идомаи паёмаш муқовиматгарони Панҷшер, Андароб ва Каписоро "фарзандони ростини кишвар" ном бурда, ба онҳо изҳори сипос намудааст.
Ёдовар мешавем, ки "Шӯрои олии муқовимати миллии Ҷумҳури исломии Афғонистон” бо ҳузури чеҳраҳои сиёсӣ чун Абдураб Расули Сайёф, Муҳаммадюнус Қонунӣ, Ато Муҳаммади Нур, Абдурашиди Дӯстум, Муҳаммад Муҳаққиқ ва чанде шахсиятҳои сиёсии дигар эъломи мавҷудият кард.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ном ба ном. Зимни тағйироти кадрии имрӯза кӣ чӣ вазифа гирифт ва ё аз мансаб озод шуд?
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав меравад
Шӯрои миллии муқовимат ба Толибон: “Бештар аз ин бо ситезаҷӯӣ ва зулм сабри мардумро наозмоед!”
Аз сафирон то роҳбарони Агентиҳо. Тағйироти кадрӣ ва дастури Эмомалӣ Раҳмон ба мансабдорони навтаъин
Агентии омор: Сокинони Тоҷикистон дар як шабонарӯз 8 соат хоб, 7 дақиқа мутолиа ва ҳамагӣ 1 соат кор мекунанд
Ҳамлаи мушакии Ҳамос ба сарбозони исроилӣ. Огоҳӣ барои тахлия аз Рафаҳи Шарқӣ дода шуд
Дар Ховалинг як нафар ғарқ шуда, дигарӣ ба ҷарӣ афтод ва ҷароҳат бардошт
Ҳалокати се нафар, зери об мондани садҳо гектар замину хонаи сокинон. КҲФ хисороти боришоти шадиди ду рӯзи охирро гуфт
Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ сохта мешавад
“Вазъи молиявӣ барои ғолибият таъсир намерасонад!”. Дар Тоҷикистон озмуни “Оилаи намунавӣ” идома дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста